Бо ибтикори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе якҷоя бо намояндагони МД “Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим” ва МД “Маркази шаҳрии наркологӣ” дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” пеш аз сафар, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, баргузор намуданд.
Дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон намояндагони муассисаҳои мазкур, вобаста ба пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ, сухан гуфта, таъкид намуданд, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, эҳтиёткорона рафтор намуда, ба саломатии худ зарар нарасонанд.
Иброз гардид, ки бемориҳои сироятӣ ҳама гуна бемориҳое мебошанд, ки аз микроорганизмҳои патогенӣ – бактерияҳо, вирусҳо, занбӯруғҳо ва паразитҳо ба вуҷуд меоянд. Тавсия дода шуд, ки нӯшидани оби ҷӯшонидашуда, беҳдошти дастон ва шустани меваю сабзавотҳо бо оби тоза ва равон яке аз роҳҳои эмин нигоҳ доштани шахс аз бисёр бемориҳои сироятӣ мебошад.
Дар навбати худ кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҳангоми суҳбат, вобаста ба муҳоҷирати бехатар, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат, расман фаъолият намудан, тартиби дарёфти ҷойи кори доимӣ, таъмини амнияти бехатарӣ дар фаъолияти меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар ин самтро ба муҳоҷирони меҳнатӣ маълумот доданд.
Зикр гардид, ки риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат кафолати фаъолияти меҳнатиро фароҳам оварда, имконият ва бехатарии онро таъмин менамояд.
Дар идомаи вохӯрӣ оид ба иҷроиши Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 иттилоъ дода шуда, зикр карда шуд, ки шаҳрвандони хориҷие, ки расман фаъолият намекунанд, имконият доранд, ки то 30 апрели соли 2025 расман худро ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта, дар қаламрави Федератсияи Россия расман кору фаъолият намоянд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дӯст доштани фарҳанг, таърих ва арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик, ҳифзи расму оин ва анъанаҳои миллӣ дар хориҷи кишвар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид.
Дар фарҷоми мулоқот ба саволҳои шаҳрвандон оид ба муҳоҷират, мушкилот дар самти фаъолияти меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб масъулини Раёсат ҷавобҳои мушаххас доданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе