• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Варзоб

admin by admin
18.07.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
315
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар бинои ҷамоати деҳоти Варзоб – Қалъа ва дар толори мақомоти иҷроия вохӯрии судманд бо котибони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ, вакилони ҷамоатҳо, раисони кумитаҳои маҳал, имомхатибон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор намуданд.

Зимни мулоқот баромадкунандагон дар мавзуъҳои, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, оид ба савдои одамон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», фарогирии аҳолӣ бо касбомӯзӣ ва шуғли пурмасъул ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мунтазам тағйирёбии вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва амнияти Сайёра дар роҳи пешрафти босуботи иқтисодӣ ва ба ҳадафҳои стратегӣ расидан, таъмин намудани зиндагии шоиста ва бомароми аҳолии мамлакат қадамҳои устувор гузоштааст.

Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои экстремистӣ ва терорристие фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини экстремистию – терорристӣ мебошад.

Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, ки ба ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал кардани мушкилоташон дар хориҷи кишвар ҳеҷ гоҳ бовар накунанд. Ба хусус ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ваъдаҳои дарёфти кори муносиб ва музди меҳнати баланд пешниҳод намудани шахсони шубҳанок, ки онҳоро намешиносанд бовар накунанд ва донанд, ки шахсони бегона метавонанд ба онҳо таъсир расонида гумроҳ намоянд ва ба созмонҳои гуногуни экстремистию – терорристӣ ҷалб намоянд.

Инчунин, ҷавононро бахусус муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масчидҳо дар хориҷи кишвар аз шиносоӣ ва суҳбат бо афроди ношинос ва шубҳанок дурӣ ҷӯянд.

Ҳамзамон масъулин иброз доштанд, ки падару модаронро зарур аст, ки одобу ахлоқи фарзандонашонро дар мадди аввал гузоранд. Нисбат ба гуфтору мумомилаву рафтори фарзандонашон натанҳо дар хона, балки дар кӯчаву мактаб ва донишгоҳ бетафовут набошанд. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо фарзанди боодоб ба падару модараш раҳмату офарин меорад.

Як нуқтаи дигарро қайд намуданд, ки албатта, тақлид карда, аз касе чизи хуб ва ё кори манфиатоваре омӯхтан хуб аст. Вале афсӯс, ки баъзе аз ҷавонону наврасони имрӯзаи мо тақлид ба одобу рафтор ва либоспӯшии мамолики Ғарб намудаанд. Ба фарҳанге, ки риштаи шарқиёнаи хислатамонро ноаён бар меканад.

Баъдан таъкид карданд, ки ҷавонони баору номуси миллати тоҷикро зарур аст, ки ба хотири эътибори бештар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз дастовардҳои муҳимтарини технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хубӣ огоҳ ва бархурдор бошанд. Маҳз наврасону ҷавонон бо дониши комил зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти рӯафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ҳама комёбиҳои замони истиқлолият, аз ҷумла, сулҳу суботро қадр намоем, зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатиамонро бо дастовардҳои пурарзиш ва шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол намоем. Ҳама мардуми бонангу номуси Ватан содиқона дар пайравӣ аз амалҳои нек ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо якдиливу якмаромӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ тамоми камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи ин давраи ҳассосро бартараф намоем. Бо дарки баланди масъулият ҳамагон барои пешрафти давлати ҷавону соҳибистиқлол – Тоҷикистони маҳбуб заҳмат кашем ва баҳри ободию шукуфоии он кӯшиш намоем.

Зикр кардан бо маврид аст, ки дар вохӯрии мазкур раисони кумитаҳои маҳал ва имомхатибон муваззаф гардиданд, ки дар деҳаҳои худ бурдани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар самтҳои болозикр ба роҳ монда, дар муҳлати кӯтоҳтарин аз натиҷааш ба бахши Хадамоти муҳоҷират гузориш манзур намоянд.

Дар баробари ин, аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба сокинони ноҳия ёддоштҳо дар мавзуъҳои «Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия», «Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд», «Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ», «Ёддоштҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба масъалаи воридшавӣ ба Федератсияи Россия», «Дастур оид ба касбомӯзии шаҳрвандони бекор ва корҷӯй», «Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем», «Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)», «Аз санҷиши ВНМО гузар», «Мо зидди савдои инсонем» ва «Мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» ба миқдори 450 нусха дастрас гардонида шуд.

Дар хатми вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ-истиқоматкунандагони ноҳияи Варзоб барои гирифтани маълумотҳои дақиқ пеш аз сафар барои кор ба Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда ба бахши Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд ва ҷавобҳои дилхоҳи худро гиранд.

Орифҷон ОЛИМЗОДА,
Сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Вохӯрии судманд бо намояндаи МД “Маркази бисёрсоҳавии муҳроҷират” дар шаҳри Масква

Next Post

Гурӯҳҳои ифротгаро душмани сулҳу субот

Next Post

Гурӯҳҳои ифротгаро душмани сулҳу субот

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.