Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бохтар ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон корҳои иттилоотӣ – маърифатиро дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар” танҳо ба манфиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути парвоз ба хориҷи кишвар барои фаъолияти меҳнатӣ сафар мекунанд, равона карданд.
Тавре дар суҳбат мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар шахри Бохтар Зарипов Раҳматулло иброз намуд, мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ, ин хубтару беҳтар фаҳмонидани қонунҳои нави кишвари қабулкунанда дар самти муҳоҷират, аз ҷумла Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои хориҷа, ки шаҳрвандони мо барои фаъолияти меҳнатӣ сафар мекунанд, мебошад.
Алалхусус, дар вохӯрӣ бо шаҳрвандоне, ки азми сафари кишвари Россия доранд, доир ба будубош, пешгирӣ ва огоҳкунии шомилшавии шаҳрвандон ба созмонҳои ғайриқонунӣ байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи диниву мазҳабӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва ба бар накардани сару либоси ба милати мо бегона суҳбатҳо намуда, ба онҳо буклетҳо тақдим намуданд.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, ҳатман гирифтани Патент, қайди муваққатӣ, иҷозаи кор ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимаро фаромӯш накунанд, ки дар қаламравӣ кишвари Россия ошкоро (легально) кору фаъолият намоянд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони шаҳри Бохтар мунтазам баргузор карда мешавад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бохтар