• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ роҷеъ ба Паёми Роҳбари давлатва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар ноҳияи Варзоб

Migration Service by Migration Service
07.02.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ роҷеъ ба Паёми Роҳбари давлатва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар ноҳияи Варзоб
309
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ба ҳамагон маълум аст, санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид.

Дар ин асно, санаи 6-уми феврали соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти Раёсати муовини раиси ноҳия Хоҷазода Фарзона Ҳамдам, намояндагони прокуратура, суд, шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия вохӯрӣ бо фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Варзоб – Қалъа ва ба номи С. Айнии ноҳия доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони Раёсати молия, шуъбаи маориф, бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раисони ҷамоатҳои деҳоти Варзоб – Қалъа ва ба номи С. Айнӣ, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», соҳаҳои маорифу тандурустӣ, раисони кумитаҳои маҳал, имомхатибон ва фаъолони ҷамоатҳои болозикр иштирок намуданд.

Зимни мулоқот баромадкунандагон дар мавзуъҳои муҳтавои матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28-уми декабри соли 2023, дар бораи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқию хештаншиносии аҳолӣ доир ба тарғиботу ташвиқоти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, самаранок истифода бурдани замин дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, пешгирии ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо, дар бораи масоили таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, таълимоти ғайриқонунии динӣ, зӯроварии хонаводагӣ, ҷудошавии оилаҳо, оид ба маърифати истифодаи нерӯи барқ, пӯшидани либосҳои ба фарҳанги мо бегона, хурофотпарастӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Баъдан таъкид карданд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳиро муайян карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Инчунин, қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мунтазам тағйирёбии вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва амнияти Сайёра дар роҳи пешрафти босуботи иқтисодӣ ва ба ҳадафҳои стратегӣ расидан, таъмин намудани зиндагии шоиста ва бомароми аҳолии мамлакат қадамҳои устувор гузоштааст.

Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористие фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини экстремистию – террористӣ мебошад.

Ҳамзамон масъулин иброз доштанд, ки падару модаронро зарур аст, ки одобу ахлоқи фарзандонашонро дар мадди аввал гузоранд.

Нисбат ба гуфтору мумомилаву рафтори фарзандонашон натанҳо дар хона, балки дар кӯчаву мактаб ва донишгоҳ бетафовут набошанд.

Фаромӯш набояд кард, ки танҳо фарзанди боодоб ба падару модараш раҳмату офарин меорад.

Як нуқтаи дигарро қайд намуданд, ки албатта, тақлид карда, аз касе чизи хуб ва ё кори манфиатоваре омӯхтан хуб аст.
Вале афсӯс, ки баъзе аз ҷавонону наврасони имрӯзаи мо тақлид ба одобу рафтор ва либоспӯшии мамолики Ғарб намудаанд.

Ба фарҳанге, ки риштаи шарқиёнаи хислатамонро ноаён бар меканад.

Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ҳама комёбиҳои замони истиқлолият, аз ҷумла, сулҳу субботро қадр намоем, зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатиамонро бо дастовардҳои пурарзиш ва шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол намоем.

Ҳама мардуми бонангу номуси Ватан содиқона дар пайравӣ аз амалҳои нек ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо якдиливу якмаромӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ тамоми камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи ин давраи ҳассосро бартараф намоем.

Бо дарки баланди масъулият ҳамагон барои пешрафти давлати ҷавону соҳибистиқлол – Тоҷикистони маҳбуб заҳмат кашем ва баҳри ободию шукуфоии он кӯшиш намоем.
Дар баробари ин, ёдовар мешавем, ки чунин силсила вохӯриҳои судманд аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб якҷо бо Раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, дар ҳамкорӣ бо КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо фаъолони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Варзоб баргузор гардида истодааст.

Орифҷон ОЛИМЗОДА,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияитВарзоб

Previous Post

Мо ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи давлату миллат ҳастем

Next Post

Вохӯрии судманд бо сокинони маҳаллаҳои С. Вализода ва Офтобрӯяи шаҳри Кӯлоб

Next Post
Вохӯрии судманд бо сокинони маҳаллаҳои С. Вализода ва Офтобрӯяи шаҳри Кӯлоб

Вохӯрии судманд бо сокинони маҳаллаҳои С. Вализода ва Офтобрӯяи шаҳри Кӯлоб

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.