• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Сулҳе, ки баҳор овард

Migration Service by Migration Service
07.06.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Сулҳе, ки баҳор овард
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа оғози дигаргунии куллӣ дар ҳаёти халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ ба ҳазорон гурезагону ҳамватанони бегуноҳ, ки иҷборан тарки ватану манзил карда буданд шуълаи умед бахшид. Ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик ба куллӣ тағйир ёфт. Натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва ҷасорату матонати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки рӯзгори тинҷу осуда ва зиндагии шоиста насиби мардуми тоҷик гардид.

Ин рӯйдоди муҳими таърихиро мебояд бо хатти заррин дар сафҳаҳои нодири таърихӣ навишт. Пас аз ҳашт даври гуфтушунид, 27-уми июни соли 1997 миёни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин, дар шаҳри Маскав, “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид. Маҳз ҳамин Созишнома кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандашавӣ эмин монд. Ин санади сулҳу созиш умедҳои барбодрафтаи халқи тоҷикро дубора эҳё намуд.

Солҳои мудҳише, ки халқи тоҷик бо он рӯ ба рӯ шуд (солҳои 1992-1997) беш аз 100 ҳазор кас кушта ва тахминан 1 миллион кас гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ шуданд. Хисороти иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ба бор овард, ки ин як таккони ваҳшатборе барои халқи тоҷик пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Ҷанги хонумонсӯз, ки дар натиҷаи он куштаю захмиҳои зиёд ва ҳазорон иншооту корхонаҳои валангорро аз худ боқӣ монд, хотима ёфт. Бо итминони комил метавон гуфт, ки хидматҳои содиқонаву софдилонаи Сарвари давлат буд, ки орзуву омолҳои чандинсолаи халқи тоҷик амалӣ гардид. Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ мақоми татбиқкунандаи он – Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) вазифаи муҳим ва пурмасъулиятро иҷро кард. Барои иҷрои протоколҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ монеаҳои айнӣ ва зеҳнӣ батадриҷ рафъ карда мешуд.

Аз ҷумла, ба Ватан баргадонидани гурезагон, ҳалли проблемаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, таъмини мардум бо озуқаворӣ дар он шароит кори начандон осон буд. Оҳиста-оҳиста, зина ба зина сулҳу амният имкон дод, ки Тоҷикистони тозаистиқлол захмҳои давоми ҷанг гирифтаи хешро даво бахшаду ба бунёди давлатдории навин қадам гузорад. Воқеан ҳам, сулҳи деринтизор бо имзои худ самараи некашро дар номаи наҷоти миллат гузошт.

Тошмухамедова Шаҳноза,
сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси
Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохурии навбатӣ дар ноҳияи Спитамен

Next Post

Вабои манфури аср

Next Post
Сабабу решаҳои пайдоиш ва пайравӣ ба ақидаҳои террористию экстремистӣ

Вабои манфури аср

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.