Кормандони Хадамоти муҳоҷират бо мақсади пешгирӣ аз савдои одамон ва оид ба татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ва «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024» баҳри таъмини риояи қонунгузории меҳнат, ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани шаклҳои нави савдои одамон дар корхонаю муассисаҳо дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дахлдор санҷишҳои нақшавӣ мегузаронад.
Тибқи талаботи моддаи 8-и Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» субъектҳои дигари давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар субеъктҳои дигари давлатии амалкунандаи муқовимат ба савдои одамон вазифадор гардидааст, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- фаъолиятро оид ба иттилоотонии аҳолӣ дар бораи вазъи бозори меҳнат, тайёрии касбӣ, ҳавасмандгардонӣ оид ба бокортаъминкунӣ ба воситаи хизматрасонии иттилоотию машваратӣ дар бораи касб, хизматрасонӣ оид ба интихоби касб ва таълим, инчунин машварат ва кумак оид ба оғози фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат ва санҷиши фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ташкил ва ба роҳ мондани чунин фаъолиятро бо мақсади пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин ташкил ва гузаронидани чораҳои иттилоотию пешгирикунандаро, ки ба муқовимат ба савдои одамон мусоидат мекунанд, амалӣ менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қурбонии савдои одамон гаштаанд ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, таъмин менамояд.
Барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ, расонидани кумаки моддӣ ва иҷтимоии қурбониёни савдои одамон ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар ин раванд 14 феврали соли 2023 роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират бо намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират, ҷиҳати иштирок дар конфронси ҷумҳуриявӣ, ки дар толори Хадамоти муҳоҷират баргузор гардид машварат гузаронида шуд. Дар конфронси мазкур ҷонибҳо масъалаи муқаррароти қонунҳои Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои будубош дар самти муҳоҷират, пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Ҳамзамон масъулини Хадамоти муҳоҷират, санаи 23-24 ноябри соли 2023 дар мавзӯи “Муқовимат ба ҷинояти савдои одамон, айнияткунонии ҷабрдидагон (аз ҷумла дар сарҳад ва дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ) ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои дигари ваколатдор дар ҳимояи самараноки ҷабрдидагон” бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҷиҳати баланд бардоштани дониши мақомоти дахлдоре, ки бевосита бо талаботҳои осебпазири аҳолӣ кор мекунанд ва инчунин ба гурезагон кӯмак мерасонанд, оид ба падидаи савдои одамон ва тамоюлҳои нави он, айнияткунонии савдои одамон тавассути истифодаи равишҳо ва воситаҳои ягона бо назардошти таҷриба ва танзимнамоии миллӣ ва ҳамкории самаранок бо дигар ташкилотҳои ваколатдор, инчунин ташкили маъракаҳои самаранок оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ иштирок намуданд.
Илова бар ин Созмони байналмилалии муҳоҷират рӯзи 06 декабри соли 2023 бо кормандони Хадамоти муҳоҷират дар мавзӯи “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон” доир ба масъалаҳои муҳоҷирати- меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ва кор дар Британияи Кабир семинар-тренинг баргузор намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои:
- пурзӯр намудани назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидоре, ки ба интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар фаъолият доранд;
- нақши мақомотҳои давлатии ваколатдор оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар ФР ва ҶТ;
- оқибатҳои манфии муҳоҷирати ғайриқонунӣ;
- ҷиҳати пешгирӣ намудани савдои одамон, моҳияти савдои одамон ва оқибатҳои вазнини он, мавриди муҳокима қарор доданд. Дар сурати муайян шудани ҳолатҳои қурбонии савдои одамон Хадамоти муҳоҷират ба мақомотҳои салоҳиятдор муроҷиат менамояд.
Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо дигар субъектони муқовимат ба савдои одамон, ҷиҳати тақвият ва ҷоннок намудани масъалаи мазкур таҳия ва пахши филму барномаҳои иттилоотӣ, видеороликҳо тариқи воситаҳои ахбори омма оид ба оқибатҳои қурбонии савдои одамон, паҳн намудани буклетҳо, ёддоштҳо ва дастуру китобчаҳои чопшуда бо маълумотҳои муқовимат бар зидди савдои одамон дар байни аҳолӣ паҳн менамоянд. Илова бар ин, корҳои тарғиботию машваратӣ оид ба масъалаҳои зикршуда тавассути сомонаи расмии Хадамоти муҳоҷират рӯзномаи “Шуғл ва муҳоҷират” нашр ва пахш карда мешаванд.
Бо мақсади пешгирии чунин қонунвайронукниҳо аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират мунтазам корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ дар ширкатҳои ҷалби қувваи корӣ ва интиқоли қувваи корӣ гузаронида мешавад.
Сардори раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Ҷуразода Б.С.