Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо СБМ дар Тоҷикистон чорабинии навбатии иттилоотиро дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор намуд. Ҳадафи чорабинӣ, ин баланд бардоштани огоҳии мардум оид ба муҳоҷирати бехатар ва пешгирии қалобии онлайнӣ ҳангоми ҷустуҷӯи кор дар хориҷа мебошад.
Дар рафти чорабинӣ намояндаи СБМ дар Тоҷикистон баромад намуда, иброз намуд, ки муҳоҷирати бехатар маънои онро дорад, ки муҳоҷирон аз ҳама гуна хатарҳои марбут ба саломатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва ҳаёти онҳо дар ҳама марҳилаҳои раванди муҳоҷират (дар кишварҳои аслӣ, транзит ва қабулкунанда) ҳифз карда шудаанд.
Аз ҷумла, қайд кард, ки омилҳои асосӣ барои фароҳам овардани шароит барои ҳаракати одамон – ин ба роҳ мондани ҳамоҳангсозӣ дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ баҳри таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон мебошад. Аз ҷумла, мукаммал намудани қонунгузорӣ дар самти муҳоҷират бо назардошти чаҳорчӯбаи миллӣ ва байналмилалӣ ва тамоюлу чолишҳои мубрам.
Хуб омода намудани муҳоҷирон пеш аз сафар, таъмин намудани онҳо бо маълумоти саҳеҳ дар ҳама марҳилаҳо – пеш аз муҳоҷират, дар рафти он ва пас аз бозгашт, баланд бардоштани маърифати молиявии муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо, маълумотнокии муҳоҷирон оид ба хизматрасониҳои мавҷуда дар давлатҳои аслӣ ва қабулкунанда роҳҳои муҳими таъмини бехатарии ҷараёни муҳоҷират мебошанд.
Ҳамзамон, барои кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи мазкур омӯзишҳо гузаронида шуд, то онҳо паёмҳои муҳимро ба аҳоли расонанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон