Бо иштироки муовини раиси ноҳияи Темурмалик Аслиддин Айниддин бо сокинони деҳаи Ҳасанбегӣ Ҷамоати деҳоти ба номи С. Раҳимов чорабиниҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини сардори ШВКД Мирасзода Акобир, намояндаи ҷамоат Гадоев Саймаҳмуд, роҳбари хоҷагии Ҷ. Румӣ Ҷумазода Ойбек ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Сафарзода Баҳодур иштирок ва баромад намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз Паём ба Маҷлиси олии кишвар санаи 28 декабри соли 2023, иҷрои ҳидоятҳои ғамхоронаи Пешвои маҳбуби халқ зимни мулоқот бо фаъолон, аҳли ҷомеа ва ходимони дин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷамоату деҳоти ноҳия ҳамаруза чорабиниҳо идома доранд.
Дар рафти мулоқот бо сокинони деҳа оид ба самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии диёр, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандустӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, риояи маданияти фарҳангӣ миллӣ, пешгирии пушидани либоси ба фарҳанги миллӣ хос набуда аз ҷониби занон ва дигар масъалаҳо ёдрас карда шуданд.
Аз ҷониби сокинони деҳаи Ҳасанбегӣ иброз гардид, ки ҳар як сухани ояндасози Пешвои миллат ба манфиати ҳар як оила мебошад ва ин ҳидоятҳои ғамхоронаву дурандешонаро дар пешбурди зиндагиамон ҳамчун роҳнамо қабул намуда, шукри истиқлолу озодии Ватан, шукри ваҳдати миллӣ ва шукри Пешвои маҳбубамон мекунем.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон