Бо ташаббуси бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Истаравшан бо хатмкунандагони Литсейи кисбии техникии №68-и ноҳияи Спитамен ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Истаравшан, вохӯрии саривақтӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ вобаста ба талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати бехатар, расман фаъолият намудан дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории ваъзи саломатию бешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ машварат ва тавсияҳои муфид дода шуд.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд, имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.
Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намуда, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйиротҳои охир дар қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд.
Инчунин, ба шаҳрвандон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистидошта, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, хатари бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои сияротшавии шаҳрвандон машварат дода шуд.
Вобаста ба ин, аз тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки ба миёнаравон муроҷиат накарда, танҳо ба Намояндагии расмии Тоҷикистон дар дохили Ватан ва Федератсияи Россия муроҷиат намоянд. Ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират prmstj@mail.ru истифода намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд