Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент вохӯрии судманд бо муҳоҷирони экологӣ ва шаҳрвандоне, ки хоҳиши сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, баргузор гардид.
Сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент Муқумов А., дар баромади худ бо шаҳрвандон доир ба фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30.12.2024, № 1126 оиди шаҳрвандони хориҷие, ки маълумот дар бораи онҳо ба феҳрести шахсони назоратшаванда ворид шудаанд, бояд ихтиёран аз қаламрави Федератсияи Россия бароянд ё ин, ки то 10 сентябри соли 2025 бояд ҳолати ҳуқукии худро ба танзим дароранд.
Инчунин, оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронӣ намуд.
Бояд қайд кард, ки чунин силсила чорабинҳо бо ибтикори бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷаббор Расулов бо муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд