Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҳамкорӣ бо директори МД “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар ноҳия Бобоев Ш., ва директори МД “Маркази назорати давлатӣ санитарию эпидемологӣ”-и ноҳия Латифов А., дар деҳаи Истошон ҷамоати деҳоти Лангар, бо сокинон, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ, оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, қонунигардонии будубоши шаҳрвандон дар қаламрави Федератсияи Россия, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ва оиди бемориҳои ВНМО, СПИД ва Сил, вохӯрии судманд анҷом доданд.
Бобоев Ш., бо такя аз суханрониҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки мубориза бар зидди бемориҳои сироятиро яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ номид. Яке аз омилҳои авҷ гирифтани бемориҳои сироятӣ ин суст ва хароб гаштани иммунитети инсон мебошад. Дар баробари ин ҳар як шахс метавонад дар пешгирии онҳо ҳиссагузор бошад.
Дар фарҷом корманди бахши Хадамоти муҳоҷират суханронӣ намуда, андешаҳояшро пиромуни қонунҳои дар боло зикргардида баён дошт. Иброз намуд, ки солҳои охир бо мураккаб шудани вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир, арзиши истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дар умум, пойдории давлатдории миллӣ, яке аз масъалаҳои мубрам маҳсуб мешавад. Омилҳои номбурда, дар умум боис шуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ” қабул карда шавад. Яке аз афзалиятҳои муҳими ин қонун дар он аст, ки дар қонун тарбияи ватандӯстӣ на танҳо аз дидгоҳи ҳуқуқӣ, балки бо фарогирии паҳлуҳои иҷтимоиву фалсафӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ таҷассум ёфтааст.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд