Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, якҷоя бо намояндагони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти милии ноҳия, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, раисони маҳаллаҳо дар деҳаи Ваҳдат Ҷамоати деҳоти Шаҳристон вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, муҳоҷирати бехатар, терроризм, экстремизм, амалишавӣ ва риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Чунин вохӯрӣ доир ба “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор карда шуд.
Қайд гардид, ки терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.
Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ оварад расонад.
Чунин чорабиниҳо дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои мазкур идома дорад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд