Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тибқи нақша – чорабиниҳо дар деҳаи Табушн ҷамоати деҳоти Лангар, бо муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва наздикону пайвандони онҳо доир ба тағйиротҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия ва будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави он, тартиби гирифтани Сертификати забони русӣ, ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани иҷозатнома ба кор, тартиби бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, оғоз намудан ва ба роҳ мондани фаъолияти меҳнатӣ дар доираи қонунгузорӣ ва талаботи шартномаи тарафайн. Инчунин донистани қонунҳои дахлдор бо муҳоҷирон дар ҳудуди Федератсияи Россия суҳбат, пурсиш ва посухҳои мушаххас сурат гирифт.
Ҳамзамон, ба сокинон оид ба қонунгузориҳои Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират маълумотҳои муфид дода шуд. Дар баробари ин таъкид гардид, ки оиди қонунӣ кор ва зиндаги намудан дар ҳудуди Федератсияи Россия Фармони Президенти ФР ба имзо расидааст, ки аз 28.04.2025 ба он тағирот ворид гардид, муҳоҷирони меҳнатие, ки дар ҳуҷҷатгузории худ мушкилот доранд метавонанд то санаи 10.09.2025 будубош ва иқомати худро дар давлати номбурда қонунӣ гардонанд.
Дар охир ба сокинон оиди дастуру супоришҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 253 қисми 1 аз 15.04.2025, №2163 ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 382. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи нерӯи барқ ва гармӣ, тағйирот ворид карда шуда, маълумоти муфассал дода шуд.
Дар баробари ин аз сокинони ноҳия хоҳиш карда шуд, ки ҷиҳати сарфаю сариштакорона истифода намудани нерӯи барқ кӯшиш намоянд ва ба истифодаи ғайримақсаднок ва бар хилофи қонун амал нанамоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд