Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо сокинони ноҳия, бахшида ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар деҳаи Сариосиёи Ҷамоати деҳоти Сарбанд вохӯрӣ бо сокинон, фаъолон ва раисони маҳаллаҳо баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ бо сокинони деҳаи мазкур иброз гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумуҳрии Тоҷикистон торафт зебову шукуфон гашта ба сокинонаш шароити хуби кору фаъолият ва зиндагии осоишта фароҳам оварда шуд.
Зикр шуд, ки аҳолии мамлакат, аз ҷумла ҷавононро месазад дар партави сиёсати Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти созандаро пеша намуда, ба ҳар гуна фиребу найранг ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ руй наоваранд.
Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ватану сарзаминамон хизмат намоянд.
Зикр карда шуд, ки имрӯзҳо дар дунё ба миқдори зиёд гурӯҳҳои ғайриқонунии террористӣ ташкил гардид, ки онҳо фаъолияти хешро паҳн намуда истодаанд ва мақсади асосии онҳо ин ноором намудани вазъ бо истифода аз ғояҳои экстремистӣ ва ҷалби бештари пайравон дар сартосари ҷаҳон мебошад.
Дар шароити замони муосир ҳаракату гурӯҳҳои ашхоси тундгаро хеле зиёд шуда, хусусиятҳои инсонбандӣ тараққӣ ёфтааст.
Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагардида, ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нагарданд.
Дар суханронии худ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен Уринбоев Б., оид ба тағйиру иловаҳои нав ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо дар давлати қабулкунанда, омодагӣ пеш аз сафар, бақаӣдгирии онҳо, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, гирифтани Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, дар алоҳидагӣ иброз намуд.
Бояд қайд кард, ки чунин чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ашт ташкил ва баргузор карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд