Кормандони масъули МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират, чорабинии навбатиро бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки барои супоридани имтиҳон ва гирифтани Сертификат аз забони русӣ, таъриху тамаддун ва қонунгузории кишвари Россия омадаанд, баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ ба шаҳрвандон зарурати риояи қонунҳои кишвари иқомат, аз ҷумла Федератсияи Россия ва сари вақт расмӣ намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъкид гардид. Ҳамзамон, диққати махсус ба масъалаи пешгирии ҷалбшавӣ ба гурӯҳҳои деструктивӣ равона шуд, ки фаъолияти худро бо шиорҳои динӣ пинҳон карда, ҷавононро ба амалҳои террористӣ даъват менамоянд.
Қайд гардид, ки сабаби асосии муҳоҷират беҳтар кардани вазъи моддӣ мебошад ва маҳз аз ҳамин сабаб шаҳрвандон бояд диққати худро ба фаъолияти меҳнатӣ ва риояи қонунҳо равона созанд. Илова бар ин, ба иштирокчиён зарурати пешгирии бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) ва гузаштан аз муоинаи тиббӣ хотиррасон карда шуд, зеро бемориҳои вирусӣ на танҳо ба худи муҳоҷирон, балки ба дигарон низ зарар расонида, ба саломатии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд.
Инчунин, бо онҳо оиди меъёрҳои Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 сӯҳбат доир гардид ва ба иштироккунандагони вохӯри оиди кам мондани мӯҳлати ба роҳ мондани фаъолият ва будубоши қонунӣ худ ба кашолакориҳо роҳ надиҳанд ва ба мақомоти корҳои дохилии минтақаи фаъолияташон муроҷиат намуда, вазъи ҳуқуқии худро қонунӣ намоянд.
Ҳамзамон, ба маълумоти муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки қоидаҳои техникаи бехатариро дар объекти мазкур бинобар пешгирии ҳодисаҳои нохушу ғайричашмдошт қатъиян риоя намоянд.
Ҳамчунин ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки вақти холии худро муфид истифода бурда, аҳли хонаводаашонро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои забономӯзӣ, ки бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ройгон ташкил карда шуд, ҷалб намоянд, ба осорхона, театр, китобхона ташриф оранд ва барои соҳиб шудани касби нав ба курсҳои бозомӯзӣ таҳсил кунанд.
Вохӯрӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт. Аз шаҳрвандон даъват гардид, ки барои маслиҳатҳои ҳуқуқӣ бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия тамос гиранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират