Тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бурдани корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, дохилӣ ва экологӣ мунтазам хуб ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, кормандони Бахш вохӯрии навбатиро дар деҳаи Имбефи Ҷамоати деҳоти ба номи Иван – Тоҷик бо сокинон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, дохилӣ ва экологӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ вобаста ба муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, соли 2024 эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ», оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», оид ба пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, ҳамчунин тарзи дуруст истифода намудан аз шабакаҳои иҷтимоӣ, суханронӣ намуданд.
Ҳангоми мулоқот бо сокинон кормандони масъули Бахш иброз намуданд, ки имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоии интернет воситаи асосии шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ экстремистӣ гардидааст, ки хатари онро мо бояд зуд дарк намоем ва наздикону пайвандони худро аз ин хатари оммавӣ эмин нигоҳ дорем. Дар шабакаҳои «Фейсбук», «Телеграм», «Инстаграм», «Вайбер», «Ватсап», «Ютуб» ва ғайра, ки нав ба нав дар интернет пайдо шуда истодаанд, бояд бо риояи талаботҳои қонун ва шароити имрӯза истифода барем.
Ҳангоми интихоби дӯстон дар шабака бояд аз одамони ношиносу шубҳаовар худдорӣ намоем. Пеш аз ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ (группа) онро хуб омӯзем, зеро ифротиён сараввал ягон гурӯҳи маърифатӣ иттилоотӣ таъсис медиҳанд ва баъди пайдо намудани иштирокчиёни зиёд маводи хусусияти террористию экстремистӣ доштаро ба он ворид месозанд.
Ҳамзамон бо ҳамин мазмун чунин як чорабинии бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Ҷамоати деҳоти Гулхона маҳаллаи №23-и ноҳия ташкил ва баргузор гардид.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд