Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар МТМУ №26 бо омӯзгорону хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо мулоқоти судманд баргузор гардид.
Мулоқотро сарвари муассиса ифтитоҳ намуда мақсад ва ҳадафи баргузории мулоқотро шарҳ дод. Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Сатторова М., дар суханронии худ зикр кард, ки имрӯзҳо дар дунё ба миқдори зиёд гурӯҳҳои ғайриқонунии террористӣ ташкил гардидааст, ки онҳо фаъолияти хешро паҳн намуда истодаанд ва мақсади асосии онҳо ин ноором намудани вазъ бо истифода аз ғояҳои экстремистӣ ва ҷалби бештари пайравон дар сартосари ҷаҳон мебошад. Дар шароити замони муосир ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ашхоси тундгаро хеле зиёд шуда, хусусиятҳои инсонбандӣ тараққӣ ёфтааст. Аз ин рӯ мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагардида, ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нагарданд.
Дар чорабинии мазкур, инчунин дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, пешгирии касалиҳои сироятӣ, пешгирии савдои одамон дар алоҳидагӣ иброз намуд.
Мақсад аз ин мулоқоту вохӯриҳо ин гирифтани садди роҳи ҳаргуна корҳои номатлуб буда, баҳри ҷалб намудани ҷавонон ба ободониву созандагӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Бояд қайд кард, ки чунин чорабинии иттилоотӣ дар Литсейи саноатии кишоварзӣ дар шаҳр ва дар МТМУ №12-и шаҳри Конибодом, вохӯрӣ ва корҳои иттилоотии фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳоли Ҷамоати деҳоти Пӯлотон, деҳаи Равот бо муаллимону толибилмони синфҳои 10 -11 ва волидони онҳо доир ба мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб” гузаронида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд