Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб чорабинии иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ бо сокинони деҳаи Тоқакаппаи Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб брагузор гардид.
Дар рафти чорабини мудири Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Ҳайдарова Н., оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки санаи 16.12.2025 ироа гардида буд, суханронӣ намуда бо назардошти ин таъкид намуд, ки дар таълиму тарбияи кӯдакон бепарвои зоҳир накарда онҳоро аз беҳудагардӣ ва амалҳои нопок дар канор гиранд.
Инчунин, ибрози нигаронӣ намуд, ки сафи пошхӯрии оилаҳои ҷавон бо маротиб зиёд шуда ҷомеъаи моро зарур аст, ки сафи ин гуна парокандагиҳоро бигирем. Вобаста ба доираи ин мавзуъҳо аз тарафи иштирокдорон саволҳо ва пешниҳодҳои муффид дода шуд.
Дар аснои баргузории чорабинӣ мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Абдуллоев З., вобаста ба талаботҳои нави қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷирати бехатар, расман фаъолият намудан дар кишвари иқомат, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории вазъи саломатию пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ машварат ва тавсияҳои муфид дода шуд.
Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ саравал бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намоянд, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҳия намуда қоидаҳои амалкунандаи давлати иқоматро риоя намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйиротҳои охир дар қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд.
Инчунин, ба сокинон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистидошта, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, хатари бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои сияротшавии шаҳрвандон маслиҳатҳои муфид дода шуда, дар анҷом ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

