Тибқи нақшаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент чорабинии иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар деҳаи Сучинаи Ҷамоати деҳоти Сучина байни оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон, хусусан шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм, соҳибкасб намудани занону бонувони хонашин ва ба ватан баргашта, бо мақсади паст намудани шиддати муҳоҷират дар байни занон, пешгирии савдои одамон, одамрабоӣ дар хориҷи кишвар, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва пешгирӣ аз омилҳои номатлуби коррупсионӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии умумишаҳрвандӣ ва риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати будубош суханронӣ карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

