• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Чорабинии иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд

Migration Service by Migration Service
25.10.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Чорабинии иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд
318
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд чорабинии иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ дар доираи Лоиҳаи PROTECT “Беҳтар намудани идоракунии муҳоҷират ва ҳифзи муҳоҷирон дар кишварҳои роҳи Абрешим ва кишварҳои Осиёи  Марказӣ” бо омӯзгорон ва хатмкунандагони литсейи омӯзгории шаҳри Худанд, бо иштироки намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи мазкур баргузор гардид.

Мавзӯи асосии чорабинӣ омодагии пеш аз сафар ба хориҷа, имкониятҳои касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиёт будан аз ширкатҳои қалбакӣ, афзалиятҳои ҷалби муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, тарзи бастани шартномаи корӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ, навгониҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ва як қатор дигар масъалаҳои мубрам вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, баррасӣ гардид.

Гуфта шуд, ҳар як муҳоҷир вазифадор аст, дар давоми ду моҳ аз рӯзи гирифтани Патент, ба мақомоти ҳудуди  Вазорати корҳои дохилии Россия, ки Патент додааст, огоҳинома дар бораи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатиро пешниҳод намояд.

Огоҳинома, аз ҷумла, дар сурати бастани шартномаи меҳнатӣ ё шаҳрванди – ҳуқуқӣ бо шахси воқеӣ, ҳатто агар шартнома ба таври шифоҳӣ баста шуда бошад ҳам, бояд ирсол карда шавад.

Дар сурати дар давоми ду моҳ аз ҷониби муҳоҷир пешниҳод нагардидани Огоҳинома ва нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ барои иҷрои корҳо (хизматрасонӣ) патенти додашуда (бе огоҳӣ) бекор карда мешавад.

Пас аз бекор кардани патент, патенти навро шаҳранди хориҷӣ танҳо баъд аз 1 сол аз рузи бекоркунӣ ба расмият дароварда метавонад.

Инчунин, дар бораи “Ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия” аз 5 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад, ки ваколатҳои Мақомоти корҳои дохилиро дар соҳаи муҳоҷират ба таври назаррас васеъ мекунад. Муҳлати иҷозати будубоши муваққатӣ дар ФР барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба ФР бо тартиби бидуни раводид омадаанд, аз 1 январ то 31 декабри соли 2025, дар маҷмӯъ, дар давоми соли тақвимӣ 90 рӯзро ташкил медиҳад.

Айни замон дар доираи ҳамкориҳои байниидоравӣ корҳои омодасозии системаҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ барои имкони татбиқи амалии ин стандартҳо идома доранд.

Қайд кардан муҳим аст, ки “аз нав барқарор кардан”-и муҳлати будубоши иҷозатдодашудаи шаҳрвандони хориҷие, ки ба ФР ворид гардиданд, бо тартибе, ки гирифтани раводидро талаб намекунанд, бо роҳи расман аз сарҳади давлатии Россия даромадан ғайриимкон аст.

Ҳамзамон, ба иштирокчиён фаҳмонида шуд, ки экстремизм ва терроризм оянда надорад. Агар дидаву дониста иштирокчии амалҳои ифротӣ гарданд, пас дар хотир дошта бошанд, ки ҷиноят содир мекунанд.

Экстремизм шахсро аз ояндааш маҳрум мекунад, метавонад ҳукми аз озодӣ маҳрум шуданро гирад ва то абад дар назари одамони дигар ҷинояткор бимонад ва бозичаи дасти дигарон нашавад. 

Агар, ки шоҳиди зуҳуроти ифротгароӣ, террористӣ бошед, ҳамеша метавонед ба Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоед.  Худ ва оилаатонро ҳамеша аз хатар эмин нигаҳ доред.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

ООО «ТС-Сервис» города Ижевска Российской Федерации приглашает на работу

Next Post

Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ дастурҳои муфид медиҳанд

Next Post
Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ дастурҳои муфид медиҳанд

Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ дастурҳои муфид медиҳанд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.