Бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон ва аҳолӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳр, инчунини намояндаи ШВКД-1-и шаҳр ва раиси Ҷамоат ва масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи шаҳри Исфара дар Ҷамоати деҳоти Навгилем чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ баргузор гардид.
Мулоқотро раиси Ҷамоат Хуршедзода П., ҳусни ифтитоҳ бахшида меҳмононро хайра мақдам намуда мақсади вохуриро фаҳмонид.
Дар вохӯрӣ масъулини шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара оид ба муҳтавои паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ироа гардида, доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон” масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию, нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зидди буҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагӣ Ватан суханронӣ намуд.
Бояд қайд кард, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо дар ҳама шуъба ва бахшҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд идома дорад.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара