Бо иштироки муовини раиси ноҳияи Қубодиён бо сокинон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дар деҳаҳои Ваҳдат ва Гулистони Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ҷамоат, намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиш, инчунин мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти мулоқот оид ба муҳоҷирати бехатар, қоидаи 90/180, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар раванди муҳоҷират, ҳамзамон, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба тағйиротҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, риояи маданияти фарҳангӣ миллӣ, пешгирии пушидани либоси ба фарҳанги миллӣ хос набуда аз ҷониби занон ва дигар масъалаҳо ёдрас карда шуданд.
Аз ҷониби сокинони деҳаҳои болозикр иброз гардид, ки қонунҳои қабулгардида ба манфиати ҳар як оила буда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардидааст ва бешубҳа риояи меъёрҳои қонунҳои қабулгардида ба роҳ монда шуда, тарғиби корҳо дар ин самт сармашқи кори ҳар як сокини деҳа қарор дода мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон