• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ дар шаҳри Кӯлоб

Migration Service by Migration Service
13.08.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ дар шаҳри Кӯлоб
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар толори маҷлисгоҳи МД “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ” дар шаҳри Кӯлоб чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ дар мавзӯӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, муҳоҷирати меҳнатии бехатар, пешгирӣ шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ – экстремистӣ ва талаботҳои қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Абдуллоев Исмоил, намояндаи Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пирмадова Фарангис, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохонзода Сайдалӣ Сангинмурод, роҳбари телефони боварӣ дар самти муҳоҷират дар ташкилоти ҷамъиятӣ “Зеркало” Содиқов Фарух ва сармутахассиси шуъбаи Агенти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб Саидов Раҳмоналӣ ва 65-нафар шаҳрвандон, корҷӯёну муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок ва баромад намуданд.

Сараввал муовини Раиси шаҳри Кӯлоб ба меҳмонон барои ташрифашон ба Кулобшаҳри бостонӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, аъзоёни кори ҷаласаро ба ҳозирин шинос намуд.

Дар баромад қайд гардид, мавзӯи вохӯрии имрӯза бармаҳал ва саривақтӣ буда, ҳар фарди ватан, аз ҷумла ҷавонону муҳоҷирони меҳнатиро мебояд аз ҳуқуқҳои худ огоҳ буда, дар партави сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаро пеша гирифта, ба ҳар гуна фиребу найранг ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ руй наоваранд.

Ба маълумот расонида шуд, ки вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза нигаронкунанда буда, вобаста ба мустаҳкам намудани пойдории истиқлолияти давлатии Ҷумҳурӣ соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат эълон гардид.

Вобаста ба бехатарии муҳоҷирати муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, эълон гаштани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аҳамияти хос дошта, моҳияти он ба саҳми ҳозирин расонида шуд.

Сипас, сухан ба мутахассиси пешбари Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пирмадова Фарангис дода шуда, номбурда дар баромади худ вобаста ба тадбирҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи «Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” маълумот дода, нуқтаҳои муҳими муҳоҷирати меҳнатии бехатарро ба саҳми ҳозирин расонид.

Қайд карда шуд, ки барои фаъолияти меҳнатӣ дар кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Россия ҳар як шаҳрванд пеш аз сафар бояд тавакалона не, балки бояд донад ба куҷо, пеши ки рафта истода, касби муайяне дошта бошад, забони давлатии қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират донад, аз ҳуқуқҳои худ бохабар бошад ва қонунҳои амалкунандаи кишвари иқоматро риоя намояд, ки ҳангоми фаолияти корӣ муваффақ гардад.

Сухани навбатӣ ба сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохонзода Сайдалӣ Сангинмурод дода шуда, номбурда доир ба ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби мақомотҳои дахлдори давлатӣ маълумоти муфассал дод.

Қайд гардид, ки саравал мо бояд аз қонунгузории кишвари худ бохабар бошем ва баъдан метавонем аз қонунҳои дигар давлатҳо бархурдор гардем.

Аз рӯи мушоҳидаҳо аксарияти нафароне, ки ҳангоми сафар намудан ба хориҷи кишвар тавассути сомонаҳои ғайрирасмӣ ё дигар шахсони миёнарав худсарона амал менамоянд, ба мушкилотҳои сарбаста гирифтор шуда, аз давлати қарордоштаи худ маҷбуран ихроҷ гардида, дар ватан ба шахсияти онҳо таъсири манфӣ мерасад.

Вохӯрии имрӯза вобаста ба дуруст омодаги гирифтан ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва шарту талаботҳои давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ равона гардида, тавсия дода шуд, ки барои дарёфти ҷойи кор дар давлатҳои хориҷа аз хизматрасониҳо ва машваратҳои Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар дохили кишвар ва шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо истифода баранд.

Дар идома роҳбари телефони боварӣ дар самти муҳоҷират дар ташкилоти ҷамъиятии “Зеркало” Содиқов Фарух ба сухан баромада қайд кард, ки дар доираи лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар” дар ҳамбастагӣ бо Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон телефони боварӣ бо рақами 900800800 оид ба муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон фаъол гардонида шудааст, ки мутахассисон ба эҳтиёҷмандон, муҳоҷирони меҳнатии дар муҳоҷират қарор дошта, муҳоҷирони меҳнатии азми сафар дошта ва аъзои оилаи онҳо вобаста ба мушкилотҳои пешомада тавсияҳои методӣ дода, чораҷӯӣ менамоянд.
Дар рафти суҳбат ду нафар иштирокдорон, ки аз кишвари Россия ихроҷ шуда буданд суханронӣ намуда аз бекор мондани худ нигаронӣ намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо ба саволҳои онҳо ҷавоб гардонида, бо роҳнамоӣ қайд кард, ки ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр муроҷиат намуда, фаъолияти кории худро дар дохили кишвар идома диҳанд, зеро ҷойи кори мувофиқ ва музди меҳнати арзанда бо шароиту имконияти хуб дар ширкатҳои сохтмони, саноатӣ, роҳсозӣ ва дигар корхонаҳои бузурги ватанӣ мавҷуд буда, ба мутахассисони соҳибмалака эҳтиёҷ доранд.

Инчунин аз ҷониби иштирокдорон вобаста ба касбомӯзӣ, сафар намудан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои Аврупо ба корҳои мавсимӣ саволҳои бешумор дода шуда, мутахассисон бо ҷавобҳои мушаххас талаботи онҳоро қонеъ гардониданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба ҳозирин буклетҳои телефони боварии лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон” тақсим гардида, барои ташкили чунин вохӯрӣ, ки муҳим ва саривақти шуморида шуд ба ташкилкунандагони изҳори миннатдорӣ баён гардид.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Муқовимат бо коррупсия кори дастҷамъист

Next Post

Ҳашари дастаҷамона ба зарардидагон аз офати табии дар ноҳияи Айнӣ

Next Post
Ҳашари дастаҷамона ба зарардидагон аз офати табии дар ноҳияи Айнӣ

Ҳашари дастаҷамона ба зарардидагон аз офати табии дар ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.