Дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти танзими равандҳои муҳоҷират ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳои воридгардида ба қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия чорабинии навбатӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ва намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ) доир гардида, ба баррасии муқаррароти нави санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳаи муҳоҷират бахшида шуд.
Зимни чорабинӣ зикр гардид, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини риояи ҳатмии талаботи қонунгузории амалкунанда, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҳолатҳои номатлуб дар раванди муҳоҷират мебошад.
Таъкид карда шуд, ки риояи муқаррароти қонунгузории кишварҳои қабулкунанда, аз ҷумла Федератсияи Россия, шарти муҳими қонунии фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ ба масъалаи пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, иброз гардид, ки таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани худогоҳии сиёсиву ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз омилҳои калидии таъмини амният ва суботи ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар анҷом таъкид шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини муҳоҷирати қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

