Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи «Мевағул», дар МТМУ №22 – шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулини шаҳрдорӣ, КИ ҲХДТ дар шаҳр, ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо сокинони маҳаллаи «Мевағул» доир гардид.
Дар мулоқот муовинони раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ва Фазлиддин Сафарзода, Меҳрубон Лоиқов намояндаи шуъбаи шаҳрии РКДАМ дар вилояти Суғд, Манзурат Саторова сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд, Муҳаббат Урунбоева муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Хуҷанд оиди пешгирии ҷавонон, муҳоҷирон аз ҳаргуна корҳои номатлуб, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши Қонунҳои амалкунанда «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», эҳтироми фарҳанги ниёгон, роҳ надодан ба бегонапарастӣ, тарзи дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи ҷавонон, тақлидкорӣ, сафари ҳаҷи умра, одамрабоӣ, инчунин зиёрати ҳоҷиҳо ва дигар мавзӯъҳои мубрам маърӯзаҳо намуданд.
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Хуҷанд оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан дар алоҳидагӣ иброз намуд.
Баъди шунидани маърӯза суҳбатҳои озод ва саволу ҷавоб байни маърӯзачиён ва иштирокчиёни чорабинӣ доир шуд.
Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Ғайбуллозода Хайрулло чорабиниро ҷамъбаст намуда таъкид кард, ки бо назардошти кори дастаҷамъона будани мубориза бар зидди хавфу хатарҳои ҷаҳонӣ ва вабои аср, корҳои фаҳмондадиҳиро пеш аз ҳама, бояд дар маҳаллаҳо ҷоннок кард.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд