15 марти соли равон вохӯрии намояндагони раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, намояндагони ВКД ва шуъбаи маорифи ноҳияи Синои пойтахт дар мактаби №56 – и ноҳия бо намояндагони кумитаи падару модарони мактаб, хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Дар рафти суҳбат ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.
Дар зимн, роҷеъ ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” маълумоти муфассал дода шуд.
Бояд гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Ҳамчунин дар рафти мулоқот намояндаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе оид ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, дар хусуси муваққатан қатъ гардидани рафтуомад ба ин кишвар, тартиби гирифтани Патент, муҳлати будубош, нигоҳ доштани асолати оила, расонидани кумакҳои моддию маънавӣ ба аҳли оила, падару модар, арҷ гузоштан ба суннатҳои миллию аҷдодӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, муҳаббат ва содиқ мондан ба Ватани аҷдодӣ, ҳамроҳ нашудан ба гурӯҳҳои ифротгароӣ экстремистӣ ва ғайра маслиҳатҳои муфид дод.
Ҳамзамон ба хонандагон маслиҳат дода шуд, ки аз шароити мусоиди фароҳамомада барои андӯхтани дониш ва рушди ҳамаҷонибаи малакаашон истифода баранд.
Дар ин ҷамъомад 230 нафар падару модарон, хонандагон ва омӯзгорони мактаб иштирок намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе