Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар ФМД “Маркази таълимии калонсолон”-и шаҳр бо наврасону ҷавонон чорабинии маърифатӣ баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур кормандони шуъба доир ба мавзуӣ болозикр қайд карданд, ки имрузҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, бисёре аз ҷавонони моро бо роҳҳои фиреб гумроҳ намуда истодаанд, барои ҳамин моро зарур аст, ки аз тарзи дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ бошем ва ба ҳар хел гурӯҳҳо шомил нашавем.
Инчунин оид ба пешгири содиршавии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсию-ҳуқуқӣ ва фарҳангии онҳо, ҷалби саривақтии ҷавонон барои даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмонида додани моҳият ва тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падар модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҳамзамон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати бехатар, қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон санаи 23 апрел дар мардикорбозори шаҳр бо корҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил карда ба онҳо руйхати ҷойҳои кории холӣ дар ширкатҳои сохтмонии НБО “Роғун” пешниҳод намуда, ба онҳо ҷойи зист, маоши баланд ва шароити кор фаҳмонида шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент