Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Рудакӣ бо раисони маҳаллаҳо ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ироа гардида, доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон”, масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию, нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии Ватан суханронӣ намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин вохӯриҳо мунтазам дар назар дошта шудааст.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд