Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич оид ба ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бомаром идома дорад.
Чунин вохӯрии судманд дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Муҷун бо имохатибон ва фаъолони деҳаҳои Ҳазорчашма ва Истиқлол бо иштироки намояндаи шуъбаи кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия, раиси КИ ҲХДТ Мамурзода Р., мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират ва раисони маҳаллаҳо баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, терроризму экстремизм, муҳоҷирати бехатар, оид ба татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат бар зидди коррупсия”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон”, ва рафти амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гузаронида шуд.
Мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират дар бораи дар ҷаҳони муосир таъсиррасонии равандҳо ва зуҳуроти гурӯҳҳои ифтотие, ки на балки дар як қатор кишварҳои минтақа ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунад, сухан ронда, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротии террористӣ экстремистӣ ва аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраве, ки мардумро хусусан муҳоҷирони меҳнатиро фирефтаи худ мекунанд ва боз он муаммоҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дучори муҳоҷирон мегардад, муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо огоҳонида шуданд.
Аз ҷумла, доир ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд, оиди тағйиротҳои воридкардашуда ва шиносоӣ бо қонунҳои амалкунандае, ки ҳангоми сафар кардан ба давлатҳои хориҷа, хусусан ба Федератсияи Россия аз қонуну қоидаҳое, ки дар ин давлат амал мекунад, воқиф буда, тартиби будубош ва тартиби фаъолияти меҳнатиро бояд дуруст ба роҳ монанд, сӯҳбат гузаронида шуд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандон барои муҳоҷирати бехатар ба давлатҳои хориҷа, якчанд дастуру супоришҳо оиди барасмиятдарории хуҷҷатҳо ва барои гирифтани иҷозатномаи кор дар хориҷа дода шуд.
Чунин вохӯрии судманд, аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар Ҷамоати деҳоти Ғазантарак бо ҷавонони варзишгар низ баргузор гардид.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд