• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Чорабинии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов

Migration Service by Migration Service
28.03.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Чорабинии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мувофики ҷадвали баргузории корҳои иттилоотй-маърифатӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ноҳия, шуьбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши дин ва ҷашну маросимҳо ва КИ ҲХДТ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони ноҳия баргузор намуда истодаанд.

Чунин як вохӯри судманд дар Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз маҳаллаи №З баргузор гардид, ки баромадкунандагон аз суханронӣ ва таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои – миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат ҳар фарди солимфикри ҷомеа неруи тоза мегирад.

Зеро дар шароити пуртаззоду печидаи шиддат ёфтани вазъи мураккаби минтақа ва ҷаҳон, авҷ гирифтани рақобат, таҳдидҳои пай дар пайи буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат масъалаи ҳифзу тақвияти давлату давлатдории миллӣ аҳамияти хеле муҳим пайдо менамояд, ибрози ақида намуданд.

Аз ҷумла, қайд карданд, ки тавре Пешвои миллат зимни ин мулоқот таъкид намуданд, «солҳои охир вусъати бесобиқа ёфтани талоши абарқудратҳо барои амалисозии манфиатҳояшон, азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳилаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудааст, вазъи мураккаби дар пайи пандемияи КОВИД – 19 бавуҷудомада, инчунин тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он – хушксоливу камобӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва гуруснагӣ вазъи ҷаҳонро мураккабу пешгӯйинашаванда гардонида истодааст».

Бинобар ин дар чунин шароити мураккаб давлатҳое бештар ба муқовимат тоб оварда метавонанд, ки низоми ҳуқуқии комилу пешрафта ва ба талаботи замона ҷавобгӯро ташаккул дода бошанд.

Ҷаҳон дар ибтидои садаи ХХI воқеан пешгӯинашаванда гардида, ба сари фарзандони одам мушкилию печидагиҳои зиёди фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва динӣ овардааст, ватани иддае аз мардумони оламро ноорому истиқлолияти давлатии онҳоро осебпазир гардонидааст.

Барои ҳамин Пешвои миллат махсус таъкид намуданд, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм бояд сарҷамъона мубориза барем ва дар мамлакат волоияти қонунро таъмин намоем.

Дигар мавзуе, ки Пешвои миллат баррасӣ намуданд, ин экстремизми динӣ мебошад.

Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд, «душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразнокашон, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ менамоянд».

Маълум аст, ки дар ин марҳилаи барои халқу давлат сарнавиштсоз ҳанӯз ҳам қувваҳое вуҷуд доранд, ки оромиву осудагии мардумро дидан намехоҳанд, дастовардҳои истиқлолият, рушду нумуи сохти давлатдории тоҷикон табъашонро нороҳат мегардонад, мехоҳанд оромиву осудагии мардуми моро халалдор намоянд, давлатро дубора ба вартаи нооромиву даргириҳо расонанд.

Аз ин лиҳоз, ҳамаи мардуми мо, ҳар касеро, ки имрӯзу ояндаи халқу Ватан барояш бетафовут нест, сарфи назар аз ақидаву ҷаҳонбинии сиёсӣ, сарфи назар аз он ки минбаъд дар куҷо ва дар кадом вазифае, ки бошем, зарур аст, ки бо бедории миллӣ ва ҳушёрии сиёсӣ барои тақвияти сулҳу ваҳдат, якпорчагии марзу буми Ватани ягонаву воҳид бо самимият ва саъю талоши бесобиқа барои ба соҳили офият расонидани киштии амну амони миллат содиқона хизмат намоем.

Дар ҳар куҷое, ки бошем, дар ҳар вазифае, ки кор кунем, бояд бо неруи тоза тамоми донишу таҷриба, қобилият ва азму иродаи қавиамонро ба рушду пешрафти Тоҷикистон ва некуаҳволии мардуми он равона созем.

Бо ҳамин чорабинӣ ба ҷамъбаст гардида қайд гардид, ки чунин чорабиниҳо дар дигар Ҷамоат ва маҳаллаҳои ноҳия мунтазам баргузор хоҳад шуд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Previous Post

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз роҳҳои таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ аст

Next Post

Вохӯрии судманд бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар ноҳияи Варзоб

Next Post
Вохӯрии судманд бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар ноҳияи Варзоб

Вохӯрии судманд бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар ноҳияи Варзоб

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.