Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Чаббор Расулов мувофиқи ҷадвали баргузории корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли ахолӣ, бахши дин, ҷашну маросим ва КИ ҲХДТ дар ноҳия дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриву мулоқотҳо бо сокинон гузаронида истодаанд.
Чунин як мулоқот дар Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз махаллаи №5 баргузор гардид, ки дар он баромадкунандагон дар бораи 35 – солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, ”Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва занон, аз он ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии ходисаҳои номатлуб, холатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ҷалбӣ ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносй, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст, суханронӣ намуданд.
Аз рӯи масъалаҳои болозикршуда иштирокдорон фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони ноҳия бо маром идома дорад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов