Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Косатарош вохӯрии судманд бо сокинони ҷамоат, фаъолон, омӯзгорону хонандагон ва волидайни онҳо дар мавзуи “Стратегияи давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” баргузор намуд.
Дар чорабинӣ кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират, ҷамоати деҳот, инчунин намояндагони раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Панҷакент ва филиали МД “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” иштирок намуданд.
Зимни мулоқот бо иштироккунандагон оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, одамрабоӣ, зуроварӣ дар оила ва масъалаи муҳоҷирати дохилӣ баррасӣ гардид. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз экстремизм ва терроризм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд.
Экстремизм ва терроризм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб карда аст, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд. Ин зуҳурот на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳандозӣ шуда истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.
Ифротгароӣ ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин вохӯриҳо бо сокинони ҷамоату деҳоти шаҳри Панҷакент мунтазам гузаронида мешавад.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент