Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо донишҷӯён чорабинии судманд ташкил ва баргузор намуд.
Дар вохӯрии мазкур намояндаи Шуъба қайд кард, ки дар низоми қонунгузории миллӣ баъд аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ин дувумин лоиҳаи қонунест, ки аз бисёр ҷиҳат хусусияти миллӣ дошта, ба имрӯзу оянда нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, бо дарки зарурати ин санади муҳим дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа лоиҳаи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши умум пешниҳод гардид.
Дар ин росто волидайн, тамоми сохторҳои давлатӣ ва дар маҷмӯъ ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон тавассути он муваззаф мегарданд, ки нисбат ба насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовут набуда, дастаҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳмгузор бошанд. Таҳлили пешакии пешниҳоди аҳли ҷомеа аз он шаҳодат медиҳад, ки моҳияти тақдирсози ин қонун аз ҷониби падару модарон, ҷомеа ва ба хусус зиёиёни кишвар хеле амиқ дарк гардидааст.
Инчунин оид ба пешгири содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, маърифати сиёсию-ҳуқуқӣ ва фарҳангии онҳо, ҷалби саривақтии ҷавонон барои даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмонида додани моҳият ва тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҳамзамон оид ба муҳоҷирати меҳнати, муҳоҷирати бехатар, қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия, тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент