Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бустон дар маҳаллаи Гулистони шаҳр бо муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон оид ба пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, суҳбатҳои муфид намуданд.
Аз ҷумла, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бустон Каримов Ҷ., қайд намуд, ки дар чунин ҷомеаи пуртазод дар сурати доман паҳн кардани терроризму экстремизм, инчунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ моро зарур аст, ки баҳри ҳифз ва нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ, ваҳдату осудагии мамлакат, аз ҳар як сокини кишвар масъулияти бештар тақозо менамояд.
Ҳамчунин бо сокинон ва хешовандони муҳоҷирони меҳнатӣ, таъкид бар он оварда шуд, ки ҷавононро зарур аст, ки бояд зиракии сиёсӣ ва ҳушёриро аз даст надода, барои ҳифз ва нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ, инчунин баҳри ҳимояи Ватани азизамон ҳамеша кӣшиш ба харҷ диҳанд.
Дар охири чорабини ба саволҳои сешумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуда, ба ҳар яки онҳо ворақаҳои иттилоотӣ маърифатӣ тақсим карда шуд.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен дар якҷоягӣ бо кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд