Тибқи нақшаи кории тасдиқшудаи раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд вохӯрии навбатӣ дар МТМУ №5, сесияи иттилоотӣ дар мавзуи “Муҳоҷирати бехатар ва қаллобии онлайнӣ” барои муҳоҷирони эҳтимолӣ, бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокӣ ва огоҳонидани шаҳрвандон бо иштироки зиёда аз 70 нафар фаъолони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.
Дар ин чорабинӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Саторова Манзурат, Қудратов Ҳикматулло – роҳбари лоиҳаи муҳоҷирати бехатари коргарони мавсимӣ аз Осиёи Марказӣ ба Британияи Кабир дар Тоҷикистон, Фараҳноз Ҷалилова – мушовири барномаи коргарони мавсимӣ ва Муродов Фирӯз – ҳамоҳангсозии Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ва Оқилӣ Камол – директори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадаф аз гузаронидани ин чорабиниҳо, саводнокии молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо, баланд бардоштани огоҳии мардум оид ба муҳоҷирати бехатар, таъмини амнияти шаҳрвандон дар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии қаллобии онлайнӣ ҳангоми ҷустуҷӯи кор дар хориҷа мебошад.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, қоидаҳои будубош, ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуданд.
Мушовири барномаи коргарони мавсимӣ Фараҳноз Ҷалилова, оиди кор дар Британияи Кабир иброз намуд, ки барои кор дар Британияи Кабир шаҳрвандон бояд якчанд қадамҳоро гузаранд:
- Пур кардани анкета дар сомонаи оператори барнома;
- Интервю ва интихоб аз ҷониби оператор (онлайн);
- Пешниҳоди ҷойи кор (тариқи почтаи электронӣ);
- Тасдиқ намудани розигии онҳо ба кор;
- Пешниҳод намудани ариза барои раводид ;
- Пешниҳоди шиноснома ва маълумоти биометрӣ ба VPS GLOBAL;
- Харидани чипта.
Одамон, ҳангоми дар хориҷа ё дур аз хона будан, худро танҳо ҳис карда метавонанд. Сайёҳон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет барои муошират ва алоқа бо хешовандон, дӯстон ва наздикон истифода мебаранд. Ҳамин тавр, мо баъзан соҳиби “онлайн шиносҳо” мешавем ё бо дӯстоне, ки алоқа надоштем, аз нав алоқа барқарор мекунем. Муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо шиносҳои нав хавфҳои муайян дорад, аз ҷумла:
- Нодуруст фаҳмидан ва алоқаи хатарнок;
- Ҷалб кардан ба гурӯҳҳое, ки ба шумо зарар расондан мехоҳанд;
Ҷалбкунӣ бисёр вақт аз муоширати оддӣ бо дӯсти нав дар мавзӯъҳои муҳим оғоз меёбад – дин, сиёсат, давлат ё ҷамъият, яъне мавзӯъҳое, ки онҳо ба худ ё ҳолати худро ба он нисбат дода метавонанд, ё бо пешниҳоди дастгирӣ барои баромадан аз вазъияти душвор.
Ин муошират тадриҷан мавзӯъҳои мушаххас дар бораи арзишҳои динӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ, ноадолатиҳо ва монанди инро фаро гирифта метавонад. Ин гуна гурӯҳҳо баъдан ба гурӯҳҳои тундгаротари онлайн роҳ мекушояд, ки дар онҳо ақидаҳои бунёдгароёна тарғиб шуда, масъалаҳои таъмини адолат муҳокима мешаванд ва дурустии идеологияи мушаххаси динӣ асоснок мегардад.
Хусусияти фарқкунандаи ин гурӯҳҳо дар он аст, ки ба андешаи онҳо, зӯроварӣ роҳи ҳалли асосноки мушкилиҳо мебошад. Вақте, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ муошират мекунанд ё бо дустони нав шинос мешаванд, хусусан аз онҳое, ки ақидаю муносибати шуморо дигар кардан мехоҳанд, эҳтиёт шаванд.Онҳо метавонанд, ҷалбкунандагони гурӯҳҳои экстремистӣ ё террористӣ бошанд ва аз вазъияти душвори онҳо барои ҳадафҳои ғайриқонунии худ истифода баранд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд