Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, шуъбаи корҳои дохилӣ ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, вобаста ба масъалаи будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар муҳоҷират, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд, шиддати паст кардани занҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, шиносоӣ бо қонунҳои амалкунандаи кишвари қабулкунанда, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон, муҳоҷирати бехатар ва рафти амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз фаҳмонида шуд.
Қайд гардид, ки бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагарди ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустуворӣ шабакаҳои иҷтимоӣ побандӣ раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол-падару модарон, омӯзгорон ва дигарон табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаи мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд.
Барои пойдории сулҳу субот оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон, фикр мекунем, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву ватандустӣ, меҳнатпарастӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки чунин чорабинӣ дар дигар ҷамоату деҳот ва маҳаллаҳо гузаронида мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд