Бо ибтикори бахши Хадамот дар шаҳри Истиқлол дар асоси нақшаи гузаронидани корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ, аз ҷониби мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр Ҳошимов Акрам, Раиси КИ ҲХДТ Разоқова Наргиза ва Садруддинзода Рустам корманди сохтори қудратӣ дар шаҳр ва дигарон бо сокинони шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни суҳбат баромадкунандагон оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, стратегияи муқовимат ба коррупсия, савдои одамон, муҳоҷирати бехатар, пешгирии бегонапарстӣ ва пос доштани фарҳанги аҷдодии миллӣ, инчунин зуровари дар оила байни сокинон суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки дуст доштан ва ободу шукуфо гардонидани Ватан қарзи ҳар як тоҷик забон аст. Сулҳу салоҳ, амну суботи Ватан барои инсон неъмати бузургест, ки бидуни он ҳаёти хешро бо саодатмандӣ наметавон гузаронид.
Вақте сухан дар мавриди дӯст доштани Ватан меравад, бешак муҳимтарин рукни давлатдории мо – истиқлол пеши назар меояд. Зеро маҳз истиқлоли давлатӣ кафили бақои миллат, кафили зиндагии осоишта, кафили дастовардҳои азими мост.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

