• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Чорабинии саривақтӣ дар маҳаллаи Ш. Шоҳинӣ шаҳри Кӯлоб

Migration Service by Migration Service
30.07.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Чорабинии саривақтӣ дар маҳаллаи Ш. Шоҳинӣ шаҳри Кӯлоб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб чорабинии саривақтӣ дар доираи лоиҳаи “Бехатар намудани дастрасии шахсони дорои маъюбият ва маълумот оид ба шуғл ва муҳоҷирати бехатар” дар маҳаллаи Ш. Шоҳинӣ шаҳри Кӯлоб бо иштироки фаъолон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ, ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз хатарҳои муҳоҷрати меҳнатӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони дорои маъюбият.

Дар чорабинӣ намояндагон аз лоиҳаи “Бехтар  намудани  дастрасии  шахсони  дорои маъюбият ва маълумот оид ба шуғл ва муҳоҷирати  бехатар”  Раҳмонов Р., ва Холиқова Ш., шуъбаи  Хадамоти  муҳоҷират дар шаҳри  Кӯлоб Тағоев Б., бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  дар шаҳри Кӯлоб Саидов Р., иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро  намояндаи  шуъбаи  Хадамоти  муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб  Тагоев Б., ифтитоҳ  намуда,  самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои судмандро бо шарикони рушд вобаста ба дастгириҳои рӯҳию равонии аҳолии ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғулбуда ибрози ақида намуда, мавзӯи вохӯрии имрӯзаро саривақтӣ ҳисобида, суханро барои идома ба намояндаи лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасии шахсони дорои  маъюбият ва маълумот оид ба  шуғл  ва  муҳоҷирати бехатар”  Рахмонов Раҷабалӣ дод.

Дар баромад қайд гардид, ки ҳар як фарди ҷомеъаи имрӯза, аз ҷумла ҷавонону муҳоҷирони меҳнатиро мебояд, ки аз бемориҳои ба ҷомеъа таҳдидкунанда ва ҳуқуқҳои худ дар дохилу хориҷи кишвар огоҳ буда, дар партави  сиёсати  хирадмандонаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона дар пойдории Ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ амал намоем.

Тибқи маълумотҳо аксарияти нафароне, ки ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар тавасути сомонаҳои ғайрирасми ё шахсони миёнарав  худсарона амал  менамоянд  ба  мушкилотҳои  сарбаста  дучор  шуда, аз кишвари қарордошта  маҷбуран  ихроҷ  мегарданд, ки ин ба буҷаи молиявӣ ва ҳадафҳои банақшагирифтаи онҳо таъсири  манфӣ  мерасонад.

Аз ин хотир, ҷиҳати бехатарии муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои хориҷи кишвар, тавсия дода  мешавад, ки  барои дарёфти чойи кор дар хориҷи кишвар, аз  ҷумла дар Федератсияи Россия аз хизматрасониҳо ва машваратҳои МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ, инчунин хизматрасониҳои шуъбаҳои Агентии  меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар  шаҳру  ноҳияҳо  истифода  баранд.

Кормандони лоиҳаи зикргардида ҳадафҳои лоиҳаро муаррифӣ намуда иттилоъ доданд, ки амалӣ шудани он ҷиҳати дастрасии шахсони имконияташон маҳдуд ба гирифтани маълумот ва шуғли муносиб мусоидат менамояд.

Дар ин раванд ҷиҳати ба шуғл ва касбомӯзӣ ҷалб гардидани маъюбон ва нафарони дар муҳоҷират осебдида, намояндаи шуъбаи Агентии  меҳнат ва шуғли аҳолӣ Раҳмонов Р., ба сухан баромада, мавҷудияти ҷойҳои кории холии мавсимию мувақатиро дар корхонаю муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб муаррифи намуда, барои ба касбҳои муносиб, аз қабили дӯзандагӣ, заргарӣ, чубкорӣ ва дигар ҳунарҳои зеҳнӣ ҷалб намудани шахсони дорои маъюбият маълумоти муфассал дода қайд кард, ки хоҳишмандон метавонанд ройгон дар филиалҳои МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ва МД “Маркази таълими омӯзиши модулии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Кӯлоб соҳибкасб гардида, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ таъсири мусбӣ гузоранд.

Ба намояндагон аз ҷониби иштирокдорон вобаста ба дасгириҳои имтиёзнок ва сафар намудан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои Аврупо ба корҳои мавсимӣ саволҳои бешумор дода шуда, аз ҷониби  мутахассисони соҳаҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҳоми вохӯрӣ маводҳои иттилоотӣ ва брошюраҳои  роҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Паём меҳвари пешбарандаи ҷомеа

Next Post

Вохӯрии судманд дар ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Next Post
Вохӯрии судманд дар ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Вохӯрии судманд дар ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.