Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, шуъбаи кор бо занон ва оила, бахшҳои оид ба танзими дин, анъана ва ҷашну маросим, кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ дар шаҳри Панҷакент дар маҷлисгоҳи Коллеҷи технологии иноватсионӣ, чорабинии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ доир ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021 – 2025” дар байни донишҷӯён баргузор намуданд.
Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимои миёни ҷавонон хусусан шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм, соҳибкасб намудани занону бонувони хонашин ва ба ватан баргашта, бо мақсади паст намудани шиддати муҳоҷират дар байни занон, пешгирии савдои одамон, одамрабоӣ (қочоқи инсон) дар хориҷи кишвар, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва пешгирии зуроварӣ дар оила, пешгири аз омилҳои номатлуби коррупсионӣ ба ҳозирин ироа гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд.
Таҳдидҳои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуғрофиѐ ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирѐбандаанд.
Мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд.
Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии умумишаҳрвандӣ ва риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати қабулкунанда суханронӣ карда шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент