Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар якҷоягӣ бо МД “Маркази таълими калонсолон” ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ноҳия дар деҳаи Басманда Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо иштироки фаъолони ноҳия, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва аъзои оилаи онҳо чорабинии судманд баргузор гадид.
Зимни мулоқот бо аҳолӣ вобаста ба масъалаҳои тарғибу ташвиқи сиёсати имрӯза, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, муҳоҷирати бахатар, терроризму экстремизм, рафти амалишавӣ ва риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, оиди истифодаи самараноки замин, даъвати ҷавонон, ҳуруфотпарастӣ, қонунҳои динӣ, ҳаракатҳои гуногун ва масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон бо мақсади ба шаҳрвандони ноҳия расонидани қонунҳое, ки дар давлати қабулкунанда амал мекунад, корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо “Дар бораи тартиби дароз намудан ва ё кам намудани мӯҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия”, ки барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба самъи онҳо расонида шуд.
Бояд қайд кард, ки чунин чорабини дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳия баргузор карда шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич