Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ санаи 17-уми июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе баён гардида буданд ва дар доираи васеъ намудани корҳои таблиғотию иттилоотӣ миёни аҳолӣ, вохӯрии навбатии масъулин бо сокинони маҳаллаи “Темурмалик”- и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Абдусаттор Ҷабборӣ, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои Дастгоҳи Раиси шаҳр Муродҷон Раҷабов, мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ахмедҷонова Волида, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ғафуров Султонбой, инчунин намояндагони комиссариати ҳарбӣ ва ходимони дин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мулоқот бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ташвиқи ҷавонон ба зиндагии фаъол дар ҷомеа баргузор гардид.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ дар миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла муқовимати муассир ба равандҳои ифротгароӣ ва гурӯҳҳои радикалӣ, аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таваҷҷуҳи хос ба нақши муассир ва мутақобилаи оила, мактаб ва ҷомеа дар тарбияи дурусти насли наврас зоҳир гардид.
Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба муҳоҷират, хизмати ҳарбӣ ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиёни вохӯрӣ идомаи чунин чорабиниҳоро дар дигар маҳаллаҳо зарур ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, аз ташкили ин мулоқоти созанда изҳори сипос карданд.
Аз тарафи намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Хуҷанд мутахассиси пешбари шуъба Ахмедҷонова В., оиди қоидаҳои нави ФР роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонида шуд. Гуфта шуд, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2025 Қоидаи 90/365 амали худро оғоз намудааст. Дар асоси ин, Қоидаи 90/180 қатъ карда шуд ва муҳлати 180 шабонарӯз ба 365 , яъне соли тақвими иваз карда шудааст. Мутобики ин Қоида ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки пас аз ин ба даст намеорад метавонад аз рӯзи воридшавӣ ба Россия дар мудатти соли тақвимӣ танҳо 90 шабонарӯз будубош намояд. Пеш аз ба итмом расидани 90 шабонарӯз шаҳрванди хориҷӣ ҳатман бояд убури сарҳад намояд ва то ба охир расидани соли тақвимӣ яъне 31 декабр ҳуқуқи дубора ба Федератсияи Россия ворид шуданро надорад. Муҳлати ин қоида ҳар сол аз 1 январ оғоз мешавад ва 31 декабр ба итмом мерасад.
Зикр карда карда шуд, ки дар шароити замони муосир ҳаракатҳо ва гурӯҳои ашхоси тундгаро хеле зиёд шуда, хусусиятҳои инсонбандӣ тараққӣ ёфтааст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагардида, ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нагарданд. Дар поёни мулоқот, сокинон саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои муфассал дарёфт карданд ва аз баргузории чорабинии мазкур изҳори сипос намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд