Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳоров”- и шаҳри Конибодом корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳи байни занҳои хонашин доир гардид.
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ чорабинии судманд ташкил ва баргузор намуданд.
Дар мулоқот мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом – Толибова Ф., мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД – Муҳиддинова М., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Валиева Ш., ва дигарон иштирок ва баромад намуданд.
Баромадкунандагон доир ба тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ватандӯстӣ дар ҷомеа, вобаста ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми ҷавонон ба бунёди сохтмони аср ҶСК “НБО Роғун”, риояи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муҳоҷирати бехатар ва қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуданд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки терроризм ва экстремизм низ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.
Ҳамзамон қайд гардид, ки моро зарур аст, ки ба қадри меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо хиради волояшон дар кишвари мо сулҳу суботро таъмин намуданд, бирасем. Ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фирефтаи гурӯҳҳои фитнаҷӯву иғвоангез нагардем. Вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳимояи Ватани худ чӣ дар хона, чӣ дар сарҳад мебошад. Фарзандони худро бояд дар ҳамин рӯҳия, дар арҷ гузоштан ба ҳуввияти Ватан тарбия намоем.
Дар фарҷом ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд