• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Чорабинии судманд дар ноҳияи Айнӣ

Migration Service by Migration Service
05.02.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Чорабинии судманд дар ноҳияи Айнӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд нақша чорабиниҳоро оид ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ-маърифатӣ вобаста ба шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, одамрабоӣ, дастаҷамъона бо коррупсия мубориза, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, истифодаи намудҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар байни муҳоҷирони меҳнатиро таҳия намудааст, ки ҳар як бахшу шуъба мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда дар ин самт корбарӣ менамояд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҳудуди деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Айнӣ  вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои болозикр доир намуд. Дар вохӯрӣ  муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия  Ғайбуллоев Баҳрулло ба ҳозирин, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.

Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.

Ҳамзамон, у иброз намуд, ки мо халқи тоҷик имрӯз бояд шукрона кунем, шукронаи тинҷӣ, Истиқлоли комил, Ваҳдати миллӣ ва Шукронаи Пешвои муаззаму маҳбуби  миллат кунем, ки дар ватани мо сулҳу субот пойдор аст. Ҳастанд бадхоҳони миллат, ки аз берун луқма партофта мехоҳанд ба сулҳу оромии кишварамон халал эҷод намоянд, вале онҳо муваффақ нахоҳанд шуд. Насли ҷавону қавииродаи тоҷик имрӯзҳо сиёҳро аз сафед ва хубро аз бад фарқ мекунанд ва он бадтинатони хоини Ватан наметавонанд онҳоро гумроҳ бисозанд. 

Аз ҳар яки иштирокчии ин чорабинӣ, ки бевосита фаъолони ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳастанд насли наврасу ҷавонро дуруст тарбия намуда ҳисси ватандӯстиву ватанпарастиро дар ботини ҳар як ҷавон бедор созанд, зеро ояндаи ин миллату давлат маҳз дар дасти ҷавонони бо ғайрату далери ин кишвар аст.

Инчунин, гуфта шуд, ки он оилаҳое, ки фарзандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст, бо онҳо доим дар тамос бошанд, насиҳаташон кунанд то ба доми чунин бадхоҳони миллат ва он ҷангҷӯёни ифротӣ наафтанд.

Зикр бояд намуд, ки ҳамаи мо бояд пайрави ба Пешвои муаззаму маҳбуби миллат намуда дар рушду ободии ҳар як гӯшаи диёр саҳмгузор бошем, аз сиёсати пешгирифтаи имрӯза пуштибон бошем ва ба ҳеҷ ваҷд нагузорем ба якпорчагии кишвари маҳбубамон зиёне расад.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Нест бод терроризм!

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар дар ноҳияи Ашт

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар дар ноҳияи Ашт

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар дар ноҳияи Ашт

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.