Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод чорабинии судманд бо сокинони ноҳия баргузор гардид.
Дар чорабинии музкур мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод Солиев М., баромад намуда доир ба навовариҳо дар қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия ибрози андеша намуда, қайд карда шуд, ки шурӯъ аз 1 январи 2025 Қоидаи 90/365 амали худро оғоз намудааст дар асоси ин Қарори 90/180 амал карда шуд ва муҳлати 180 шабонаруз ба 365, яъне соли тақвимӣ иваз карда шудааст.
Мутобиқи ин Қоида ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки пас аз 1 январи соли 2025 ба Федератсияи Россия бе раводид ворид мешавад ва Патент ё Иҷозат барои истиқомати муввақатӣ (РВП) ё иҷозати доимӣ (ВНЖ)ба даст намеорад, метавонад аз рӯзи воридшавӣ ба Федератсияи Россия дар муддати соли тақвимӣ танҳо 90 шабонарӯз будубош намояд. Пеш аз ба итмом расидани 90 шабонарӯз шаҳрванди хориҷӣ ҳатман бояд убури сарҳад намояд ва то ба охир расидани соли тақвимӣ, яъне 31 декабр ҳуқуқи дубора ба Федератсияи Россия ворид шуданро надорад.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ дар бораи ватандӯстӣ, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи миллат тавассути рафтори намунавӣ, зарурати таҳсил дар муассисаҳои таълимии маҳал, инчунин тавсияҳои ҳуқуқӣ оид ба рафтори муҳоҷирон дар ҳолати тафтиши ҳуҷҷатҳо аз ҷониби пулис, риояи тартиботи будубоши қонунӣ дар Федератсияи Россия ва тартиби барқарорсозии ҳуҷҷатҳои гумшуда маълумот дода шуд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки ҳар як ҳамватан бояд дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба фарҳангу суннатҳои аҷдодӣ ва кумак ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон саҳмгузор бошад.Дар охир аз ҷониби масъулин ба саволҳои додашуда посухҳои қонеъкунанда дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд