Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо фаъолон, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва аъзои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, дар маркази шаҳр чорабинии судманд доир гардид.
Мақсад ва гузаронидани ин чорабинӣ, пеш аз ҳама пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, терроризму экстремизм, савдои одамон ва қурбониёни он нагаштан, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, муҳоҷирати бехатар ва рафти амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, мебошад.
Аз ҷониби мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан ба таваҷҷуҳи шаҳрвандоне, ки хоҳиши сафар барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Россия доранд, дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷират, тартиби дароз намудан ва ё кам намудани муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, гирифтани Патент, қайди муваққатӣ, бастани шартнома бо кордиҳанда ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, ироа намуд.
Инчунин, иштирокдоронро оид ба иҷроиши Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шудааст, шинос карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд