Даҳшати терроризм ва экстремизм имрӯз ҷаҳони муосирро ба ларза овардааст. Терроризм ин роҳи амалигардонии нақшаҳои гурӯҳи ифротгароӣ мебошад ва ҳадафҳои онҳо ноором кардани вазъи давлат аст. Мақсади ташкил намудани гурӯҳҳои террористӣ пайдо кардани ҳисси тарсу ваҳм дар дили мардум ва ҳаёти онҳоро зери хатар гузоштан аст. Бояд зикр кард, ки сабаби рӯ овардани бархе аз ҷавонон ба ин зуҳуроти номатлуб костагии тарбияи оилавӣ, дур мондан аз назорати волидон ва беэътиноии атрофиён мебошад. Муносибати нек ба фарзанд, ҳамсӯҳбати хуб будан ҷавононро аз роҳи бад мегардонад. Қадршиносӣ, шукргузориро ба ҷавонон аз синни кӯдакӣ бояд омӯзонд. Агар ҷавонон ба қадри оила, волидон расанд, пас эшон ба қадри Ватану арзишҳои миллӣ низ хоҳанд расид.
Мушкилоти экстремизм ва терроризм имрӯз ба хатари бузурги сайёра табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш монондааст ва имрӯз ҳама кишварҳо барои бартараф сохтани ин вабои аср кӯшиш менамоянд. Аз ҷумла, Тоҷикистони мо дар ин замина фаъол мебошад. Бояд қайд намуд, ки кишвари мо низ амалҳои гурӯҳҳои ифротгаро ва тундравро мушкилоти асри навин меҳисобад ва дар ин самт дар сафи пеши мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуб мебошад. Коршиносон ва донишмандон бар ин назаранд, ки мубориза бар зидди ин гуна равандҳои номатлуб бояд системанок ва доимӣ бо воситаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавассути васоити ахбори омма сурат гирад.
Аз таҳдиди терроризм ҳеҷ давлат худро эмин дошта наметавонад, аз ин рӯ бояд ҳамаи давлатҳо дар мубориза бар зидди терроризм якҷоя мубориза баранд. Барои пешгирӣ намудани ин раванди номатлуб бояд дастаҷамъона амал намуда, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбия намоем. Зеро ташкилотҳои ифротгаро бештар ба мафкураи ҷавонон таъсир расонда истодаанд.
Аз ин лиҳоз, ҷавонони мо дар куҷое набошанд, бояд дар қалби онҳо ҳисси баланди ватандӯстӣ пойдор бошад ва давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хешро ҳифз намоянд ва ҳамеша барои ҳимояи марзу буми кишвари худ кӯшиш ба харҷ дода, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Шарипов Тоҳир,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе