Дар Душанбе, 2 майи соли равон бо ибтикори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”-и пойтахт ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират оид ба ҳамкорӣ ва қабули қарорҳои муштарак оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар мавзуи “Аз муколама то амал: таҳкими ҳуқуқи муҳоҷирон тавассути ӯҳдадориҳои миллӣ”, баргузор гардид.
Сараввал ҷаласаро Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, кушода, ҳозиринро хайра мақдам гуфта, бо барномаи ҷаласа ошно намуд. Аз ҷумла қайд, кард, ки ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як платформаи калиди барои муколамаи фарогир байни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ хизмат мекунад. Ҳадаф аз баргузории ин нишаст арзёбии вазъи кунунии муҳоҷират, табодули таҷриба ва таҳияи муштараки стратегияҳо ҷиҳати таҳкими ҳифзи ҳуқуқ ва некӯаҳолии муҳоҷирон аст.
Ҷаласаи мазкур, бо дастгирии Агентии Швейтсария оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ (SDC), Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ва Агентии Норвегия оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ (NORAD) баргузор шуда, ӯҳдадории ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва байналмилалиро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷират тавассути кӯшишҳои ҳамоҳангшуда таъкид мекунад, – иброз намуд Нодирзода Иматшо.
Сипас дар назди ҳозирин роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон Виктор Лутенко баромад намуда, ба ҳозирин дар бораи вазъияти кунунии муҳоҷират, суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа маърузаҳои Фариза Бекназарова, мушовири миллии СБМ вобаста ба мавзӯи “Арзёбии таъсири иҷрои барономаи тағйироти муоширати иҷтимоӣ – рафторӣ (SBCC) дар ноҳияҳои Восеъ ва Ёвон”, Умед Раимдодов, роҳбари шуъбаи “Муҳоҷирати меҳнатӣ”-и МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири миллӣ ба МПҲ, СБМ ба мавзӯи “Таҳқиқот бо муҳоҷирони баргашта. Матритсаи пайгирии ҳаракат дар Тоҷикистон (МТМ)”, Фарух Содиқов, мудири Хатти оҷилӣ оид ба муҳоҷирати бехатар ва мубориза бо хариду фурӯши одамон, дар мавзуи “Нақши телефони “хати оҷилӣ” дар давраи муҳоҷират”, ва Нодира Абдуллоева, ҳуқуқшинос, коршинос дар умури муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, мушовири Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ), дар мавзуи “Мониторинги ҳуқуқи муҳоҷирон: натиҷаҳои пешакӣ”, шунида шуд.
Бояд қайд кард, ки ҳадафи асосии ин ҷаласа, баргузории муколамаи созанда байни ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои идоракунии равандҳои муҳоҷират, муайян кардани мушкилоти марбут ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон ва таҳияи роҳҳои эҳтимолии ҳалли онҳо, арзёбии саҳми механизмҳои гуногуни дастгирӣ ва таҳияи нақша ҷиҳати такмил ва тақвияти ин хадамот, мусоидат ба ҳамкории ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати таҳияи ӯҳдадориҳои воқеӣ ва ченшаванда, ки ба беҳтарсозии идоракунии муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон равона шудааст, мебошад.
Дар рафти ҷаласа, муайян намудани афзалиятҳо барои ташаббусҳои дарпешистода, ҳамоҳангсозии кӯшишҳои миллӣ бо ниёзҳои муҳоҷирон ва имконоти ҷонибҳои манфиатдор, тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳо байни сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ дар самти идоракунии муҳоҷират ва пешниҳоди тавсияҳои амалӣ ва муайянсозии ӯҳдадориҳои ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати дастгирии таҳияи сиёсатҳо ва барномаҳое, ки ба таври муассир ба ниёзҳои муҳоҷирон посух медиҳанд дар протоколи ҷаласа сабт гардида, рафти иҷрои онҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯро, муаррифӣ карда мешавад.
Дар чорабинӣ намояндагони тамоми сохторҳои Вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти муҳоҷират, СБМ, ICMPD, SDC, NORAD, дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират