• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дар Душанбе ҷаласаи шашуми Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират баргузор гардид

Migration Service by Migration Service
23.10.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Дар Душанбе ҷаласаи шашуми Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират баргузор гардид
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар шаҳри Душанбе, 23 октябри соли равон бо ибтикори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Рӯмӣ”-и пойтахт ҷаласаи шашуми Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират оид ба ҳамкорӣ ва қабули қарорҳои муштарак оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар мавзуи “Вусъат додани роҳҳои муҳоҷират: баррасии чолишҳо ва имкониятҳо” баргузор гардид.

Сараввал ҷаласаро Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, кушода, ҳозиринро хайра мақдам гуфта, бо барномаи ҷаласа ошно намуд. Аз ҷумла қайд, кард, ки ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои инсондӯстӣ ва меҳнатпарастӣ дар раванди ҳаллу фасли масъалаҳои гуногунсамти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби шаҳрвандони кишвар ба забономӯзию касбу ҳунаромӯзӣ, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон ва мусоидат дар ташаккули маърифати зеҳнии шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок ва саҳми арзанда мегузорад. Ҳамзамон, чун як платформаи калидӣ барои муколамаи фарогир байни мақомотҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ мусоидат  намуда, ҷиҳати арзёбии вазъи кунунии муҳоҷират, табодули таҷриба, таҳияи муштараки санадҳои дахлдор бобати таҳкими ҳифзи ҳуқуқ ва некӯаҳволии муҳоҷирон мусоиадт менамояд.

Мавриди зикри хос  аст, ки Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 дар баробари баррасии дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим таъкид намуданд, ки “Бо дарназардошти равандҳои муосир ҷиҳати ҳалли масъалаи гуногунсамти муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои дар ин самт мавҷуда тадбирҳои судманд андешида шаванд ”.

Ин таъкиди Пешвои муаззами миллат сармашқи кори ҳар яки мо буда, дар ин самт дар доираи имконоти ҷойдошта тамоми чораҳои судманд роҳандозӣ карда мешаванд.Зеро яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ин муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва баъди баргаштани онҳо ба Ватан таъмин кардан бо ҷойи корӣ мебошад, ки феълан омили хеле таъсирбахш ба ҳисоб меравад.

Муҳоҷирати меҳнатӣ айни замон дар дурнамои миёнамуҳлат ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири назаррас хоҳад расонд. Дар баробари дастёбӣ ба масъалаҳои истиқлоли энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа яке аз афзалиятҳо дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.      

Ҷаласаи мазкур, бо дастгирии Агентии Швейтсария оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ (SDC) ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) баргузор шуда, ӯҳдадории ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва байналмилалиро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷират тавассути кӯшишҳои ҳамоҳангшуда таъкид мекунад, – иброз намуд Нодирзода Иматшо.

Сипас, дар назди ҳозирин роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон Виктор Лутенко баромад намуда, ба ҳозирин дар бораи вазъияти кунунии муҳоҷират, суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа маърузаҳои Гулнора Камолова, СБМ дар Тоҷикистон вобаста ба мавзуи “Пешравиҳои то имрӯза ба даст омада ва таъмини давомдории устувор”, Ундра Сурен, Роҳбари лоиҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ, СБМ, вобаста ба мавзуи “Самтҳои афзалиятноки идораи муҳоҷират: таҳия ва баррасии пешниҳодҳо барои давраи дуввум”, шунида шуданд.

Бояд қайд кард, ки ҳадафи асосии ин ҷаласа, баргузории муколамаи созанда байни ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои идоракунии равандҳои муҳоҷират, муайян кардани мушкилоти марбут ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон ва таҳияи роҳҳои эҳтимолии ҳалли онҳо, арзёбии саҳми механизмҳои гуногуни дастгирӣ ва таҳияи нақша ҷиҳати такмил ва тақвияти ин хадамот, мусоидат ба ҳамкории ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати таҳияи ӯҳдадориҳои воқеӣ ва ченшаванда, ки ба беҳтарсозии идоракунии муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон равона шудааст, мебошад.

Дар рафти ҷаласа, муайян намудани афзалиятҳо барои ташаббусҳои дарпешистода, ҳамоҳангсозии кӯшишҳои миллӣ бо ниёзҳои муҳоҷирон ва имконоти ҷонибҳои манфиатдор, тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳо байни сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ дар самти идоракунии муҳоҷират ва пешниҳоди тавсияҳои амалӣ ва муайянсозии ӯҳдадориҳои ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати дастгирии таҳияи сиёсатҳо ва барномаҳое, ки ба таври муассир ба ниёзҳои муҳоҷирон посух медиҳанд дар протоколи ҷаласа сабт гардида, рафти иҷрои онҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯро муаррифӣ карда мешавад.

Дар чорабинӣ намояндагони тамоми сохторҳои Вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти муҳоҷират, СБМ, ICMPD, SDC, CIPE, ICAP, дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Коррупсия аз монеаҳои асосӣ дар раванди амалишавии барномаҳои рушд маҳсуб меёбад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.