Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 – уми Ҷамоати деҳоти Хуросон мулоқоти судманд бо хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо баргузор шуд.
Дар мулоқот, ки намояндаи шуъбаи маориф, бахшҳои Хадамоти муҳоҷират ва кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия иштирок доштанд оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтротгаро ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, номзадшавии бармаҳал, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонашин, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллӣ зист, самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, одоби муошират, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва“Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан карданд.
Ёдовар мешавем, ки чунин мулоқотҳо дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ баргузор хоҳад шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор