Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи оқилонаи неруи барқ дар ноҳияи Фархор бо иштироки намояндаи прокуратураи ноҳия, сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинон ҳамоиш доир шуд.
Намояндаи прокуратураи ноҳия дар баромади хеш иттилоъ дод, тағйироте, ки ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, пешбинӣ менамоянд, ки ҳангоми риоя накардан ва вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ ҷавобгарӣ дар намуди ҷарима ва ҳатто маҳрум кардан аз озодӣ татбиқ карда мешавад. Аз ин хотир ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки аз неруи барқ ва гармӣ самаранок истифода намуда, маблағи истифодаи онро сари вақт супорем.
Самаранок истифода бурдани неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда ва истифода бурдан аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, дар ҳамоиш намояндаи прокуратураи ноҳия оид ба “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” суханронӣ намуда, қайд кард, ки чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани огоҳмандӣ дар бораи хатару таҳдидҳои навин вобаста ба экстремизму терроризм мебошад.
Инчунин, баромадкунандагон дар ҳамоиш ба сокинон усулҳои сарфакорона истифода намудани неруи барқ ва талаботи қонунгузорӣ барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ фаҳмонида шуданд.
Изҳор гардид, ки сарфаю сариштакории неруи барқ ба манфиати мардум буда, ба ғанӣ гардонидани буҷети оилаҳо ва ҳам давлат мусоидат менамояд.
Чунин чорабинии маърифатӣ дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки фаъолон ва сокинони ноҳия низ баргузор гардид.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон